Н.Буриев: «Русия шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон аст»
Душанбе, 30.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Русия дар бахши муомилоти тиҷорати хориҷӣ яке аз шарикони асосии Тоҷикистон маҳсуб меёбад», гуфт дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе Неъматҷон Буриев -муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ. Зикр гардид Тоҷикистон бо 88 давлати ҷаҳон, аз ҷумла бо 10 кишвари хориҷи наздик ва 78 давлати хориҷи дур муомилоти савдои хориҷӣ дошта, дар ин давра гардиши савдои хориҷии кишварамон 2892,7 миллион долларро ташкил дод. Ин нишондоди оморӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 14,3 % зиёд аст. Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар афзуд, ки дар ин давра ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон ба Русия 34,5% , Қазоқистон 61%, Туркия 26,6, Эрон 14,7 % ва Чин 5,4 % баробар аст. Инчунин дар нимсолаи соли равон ҳаҷми воридоти маҳсулот аз Русия ба Тоҷикистон 61,3 %, Қазоқистон 28,3 %, Чин 27, 4 % ,Туркия 14 % -ро ташкил медиҳад. Неъматҷон Буриев -гуфт, ки дар ин давра ба кишварамон молу маҳсулоте асосан ворид карда шудаанд, ки мардум ба он ниёзи бештар доранд. Хусусан ба Тоҷикистон воридоти маҳсулоти таъиноти истеҳсолӣ-техникӣ, сӯзишворӣ, чӯбу тахта, нақлиёти заминӣ, ашёи хом ва молҳои истеъмолӣ афзоиш ёфтааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






