Н. Саид: Маориф омили асосии амнияти миллӣ
Душанбе, 07.07.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Дар Паёми навбатии Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ соҳаи Маориф ва илм ҳамчун соҳаи калидӣ ва омили асосии таъмини амнияти миллӣ эълон гардида, зарурати дастгирӣ ва баланд бардоштани мавқеи омӯзгор ҳамчун меҳвари асосии ҷомеа таъкид шудааст,- гуфт Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни ҳисоботи шашмоҳаи вазорат бо хабарнигорон.Ба иттилои мавсуф дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои намунаи махсус» омода гардида, бо қарори Ҳукумати ҶТ тасдиқ гардидааст.«Боиси тазаккур аст, ки ҷиҳати таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар низоми байналмилалии PhD аз ҷониби Вазорати маориф ва илм санадҳои танзимкунандаи низоми байналмилалии докторантураи PhD, аз қабили «низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос PhD», «Дар бораи тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос» ва «Дар бораи Стандарти давлатӣ таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (докторантура)» омода карда шуда, бо қарори Ҳукумати ҶТ ба тасдиқ расонида шуданд»,- иброз дошт вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни нишасти хабарӣ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






