На ҳамаи «муллоҳои шаҳватпараст» имом-хатибанд
Душанбе, 8.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Солеҳҷон Завқиев сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки он шахсоне ки миёни мардум худро ҳамчун «мулло» муаррифӣ менамоянд, на ҳамаи онҳо имом ва ё имом-хатиби масҷидҳои кишварамон ҳастанд. Ин зумра ашхос бо амалҳои шаҳвонии худ ҳамаи моро ба ташвиш овардаанд. Дар робита ба ин мавсуф афзуд, ки бо тамоми имом-хатибони масҷидҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мулоқот гузаронда шуда, ба имомон фаҳмонида шуд, ки дар ин бора дар доираи ахлоқ ва муқаррароти дини мубини Ислом ба намозгузорони хеш таъкид кунанд, то онҳо ба хонаводаашон бирасонанд.Масъули Кумитаи дин илова кард, ки тафтишоти ин қазия бар дӯши мо нест ва барои ҳамин дар ин бора иттилои кофӣ надорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






