Нафақагирон бо кортҳои бонкӣ таъмин мегарданд
Душанбе, 14.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо мақсади ворид намудани технологияҳои иттилоотии муосир ба ҷараёни пардохти нафақа ва кумакпулиҳои ба он баробар дар ин самт Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохти нафақаи 269 ҳазору 149 нафарро дар 26 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо талаботи моҳонаи 66 миллион сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ мондааст ва то охири соли 2014 пардохти нафақаи боз 109 ҳазору 841 нафар нафақагирони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Файзобод, Айнӣ, Фархор, Шуғнон ва Муъминобод бо талаботи моҳонаи 11,6 миллион сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ амалӣ карда мешавад, гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Агентӣ Сафаралӣ Наҷмудинов.Инчунин дар нишаст зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои пӯшонидани касри буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 25 миллион сомонӣ ба суратҳисоби Агентӣ ворид гардидааст.Ҳамчунин бо мақсади татбиқи ислоҳоти соҳаи нафақа дар давраи ҳисоботӣ бо Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Оид ба дастгирии ислоҳоти соҳаи нафақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамкориҳо тақвият дода шудаанд. Дар ин давра бо лоиҳаи мазкур барои таҷдиди низоми идоракунии иттилоотии соҳа ва таҷҳизонидани он санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки тибқи он то охири сол ба маблағи қариб як миллион евро таҷҳизотҳои компютерӣ ва дигар технологияҳои иттилоотӣ ба Агентӣ кӯмак карда мешавад, иброз намуд Сафаралӣ Наҷмудинов.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






