Нахустин талошҳои довталабон тавассути низоми тестӣ
Душанбе, 1.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз, 1 июл имтиҳоноти дохилшавӣ ба макотиби олӣ оғоз ёфт ва бори аввал дар Тоҷикистон довталабон тавассути низоми тестӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ талош меварзанд.Аз шуъбаи минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, ки имрӯз соати 9:00 имтиҳоноти марказонидашудаи тестӣ дар марказҳои имтиҳонӣ оғоз ёфт.Дар вилояти Суғд чунин марказҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интихоб шудаанд.Бояд гуфт, ки имсол ба марказҳои имтиҳонӣ аз вилоят беш аз 13 ҳазору 100 нафар хатмкунанда ҳуҷҷат супоридаанд, ки 43 фоизи хатмкунандагони имсолаи мактабҳои Суғдро дарбар мегиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






