Нашри «Перомуни Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон»
Душанбе, 1.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Китоби нави адабиётшиноси тоҷик Мирзо Муллоаҳмадовро нашриёти «Илм ва фарҳанги Эрон» таҳти унвони «Перомуни Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон» бо теъдоди 2000 нусха ба табъ расонд. Китоб аз ду қисм иборат буда, қисми нахуст шинохти осор ва қисми дуюм саҳми С. Айнӣ, С. Нафисӣ, М. Баҳор, Б. Фурӯзонфар, Е. Бертелс, А. Мухторов — муҳаққиқони осору зиндагии устод Рӯдакиро дар бар мегирад. Ёдовар мешавем, ки «Перомуни Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон» даҳумин китоби М. Муллоаҳмадов аст, ки дар Эрон интишор шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






