Нашри рӯзномаи Ховалинг бо таҷҳизоти нав
Кӯлоб, 8.07.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар нимаи дуюми асри 20 дар ҳамаи шаҳру ноҳияхо барои сари вақт нашр намудани рӯзнома ва маҷаллаҳо матбааҳо амал мекарданд ва бо пешравии илму техника дар ин соҳа низ таҷхизоти муосири камхарҷ ихтироъ гардида, мавриди истифода қарор мегирифт. Матбааи ноҳияи Ховалинг низ солҳои тӯлонӣ аз фаъолият боз монда буд ва рӯзномаи ноҳиявиву дигар хуҷҷатҳои расмӣ ва муҳосиботӣ дар шаҳри Душанбе чоп карда мешуданд. Таваҷҷуҳи роҳбарони ҳокимиятҳои давлатӣ ба соҳаи ВАО ба муҷаҳҳазгардонии аксари матбааҳо бо таҷҳизоти муосир дар ноҳияҳо мусоидати созгор касб намуд ва дар ҳамбастагӣ роҳбарияти ноҳияи Ховалинг соҳибкорони маҳаллиро дастгирӣ намуда ва бо дастрас гардидонидани таҷҳизоти муосир дигар бора нашри рӯзномаи ноҳиявии дар маркази ноҳия ба роҳ монда шуд. Вале то ҳанӯз кормандони рӯзномаҳои ноҳияҳои Шурообод, Восеъ, Фархор Ҳамадонӣ, Темурмалику Балҷувон ва Муъминобод бо харҷи зиёд рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳо ва дигар варақаҳои расмии коргузориро дар пойтахти мамлакат нашр мекунанд. Ҳамин аст,ки масъалаи дастрасгардонии таҷҳизоти замонавии табъу нашр дар минтақаҳои дурдасти куҳистон аз мушкилоти рӯзмарра боқӣ мемонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






