Натиҷагирӣ аз фаъолияти судҳои Хатлон
Душанбе, 3.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Ҷаласаи ҷамъбастии Раёсати Шӯрои адлия дар вилояти Хатлон оид ба муҳокимаи натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм 1 июл дар шаҳри Қурғонтеппа баргузор гардид.Раиси суди вилояти Хатлон Муҳаббат Азизӣ сифати баррасии парвандаҳоро дар судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар нимсоли аввал таҳлил намуда, доир ба сабабҳои бекоркунӣ ва тағйирёбии қарорҳои судӣ, ҷой доштани камбудиву норасогиҳо дар фаъолияти судӣ ибрози ақида кард.Раиси Шӯрои адлия Зафар Азиззода оид ба риояи қатъии қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо, ҷиҳати такмили сатҳи дониш ва таҷрибаву маҳорати касбии судяҳо, баланд бардоштани ҳисси масъулияти онҳо, риояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ, ҳалли саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, риояи қатъии меъёрҳои Кодекси одоби судя, инчунин дар муҳлатҳои дар қонун пешбинигардида таъмин намудани баррасии парвандаҳои судӣ, роҳ надодан ба омилҳои номатлуб, пурра решакан намудани содиркунии ҳолатҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони мақомот таъкид карда, ҷиҳати бартарафкунии камбудиҳо дастурҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






