Натиҷагирии нимсолаи Вазорати фарҳанг
Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба ҷашни 100-солагии оҳангсози маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ конфронсҳои илмӣ-назариявӣ дар мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуривии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, озмуни «Истеъдодҳои ҷавон-2014», консерт аз эҷодиёти устод З.Шаҳидӣ дар Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, маҳфили назариявӣ-эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДСТ дар Донишкадаи давлатии санъат ба номи Мирзо Турсунзода доир гардиданд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода. Инчунин дар мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуривии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ бахшида ба ин ҷашн гӯшаи махсус ташкил карда шудааст.Шамсиддин Орумбекзода зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 13-17 майи соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии мардумии Чин, 26-30 майи соли ҷорӣ «Рӯзҳои фарҳанги маънавии» Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки аз ҷониби МД Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дар Қалъаи Ҳисор корҳои барқарорнамоии кӯчаи косибон ва девори мудофиавии асри ХII ба муносибати ҷашни 3000-солагии Ҳисор идома дорад. Мувофиқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» дар ёдгориҳои мақбараи Ҳоҷаи Заррин, қалъаи Балҷувон, қалъаи Муъминобод, Масҷиди Чилсутун, мақбараи Хоҷа Аюби Ансорӣ, мақбараи Хоҷа Ҳусайни Кангуртӣ корҳои тармиму барқарорнамоӣ идома ёфта истодааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






