Наздики 2 миллиард сомонӣ пардохти гумрукӣ ба буҷаи давлат
Душанбе, 16.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматҷон Раҳматов ба намояндагони васоити ахбори умум оид ба фаъолияти нимсолаи Хадамот маълумот дода, иброз намуд, ки Хадамоти гумрук дар нимсолаи аввал ба буҷети давлатӣ 1 миллиарду 908 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид намуд, ки нисбат ба нақшаи муайянгардида 84 миллион сомонӣ зиёд буда, 104, 6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба маблағи 2 миллиону 899 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шуд. «Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдои ҷумҳурӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рейдҳои алоҳида ва муштарак гузаронида шуда, воридоти ғайриқонунии як ҳазору 522 адад фурӯзонакҳои тафсон, 76 адад таҷҳизоти компютерӣ, 739 дона телефонҳои мобилӣ, 5 ҳазору 376 дона атриёт, 642 тонна семент, як ҳазору 295 тонна нуриҳои минералӣ, як ҳазору шаш тонна ангишт, 6 ҳазору 552 литр равғанҳои молиданӣ, 13 ҳазору 700 литр нафти хом, 15 кг 269 грамм маснуоти заргарӣ ва 14 кг бижутерия ошкор карда шуда, 42 адад воситаҳои нақлиёти боркаш бо сабаби вайрон кардани хати сайр боздошт карда шуд»,-гуфт Неъматҷон Раҳматов.








Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд






