Нерӯгоҳи Қайроққум таҷдиду таъмир мешавад
Душанбе, 25.07.2014. (АМИТ «Ховар»). Имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд созишномаи нави ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расид, ки тибқи он бо харҷи қариб 76 миллион доллари амрикоӣ нерӯгоҳи обии Қайроққум навсозӣ карда мешавад.Ба созишнома аз ҷониби Тоҷикистон Вазири молия Абдусалом Қурбонов ва Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи Барқи Тоҷик Рустам Раҳматзода ва аз ҷониби Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд Директори ин бонк доир ба энергетика ва захираҳои табиии Осиёи Марказӣ ва Русия хонум Аида Ситдикова имзо гузоштанд.Чунонки зикр гардид, бо имзои ин созишнома татбиқи бузургтарин лоиҳаи Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд дар Тоҷикистон оғоз меёбад. Зимни навсозӣ дар нерӯгоҳи Қайроққум ду агрегати нав насб карда мешавад, ки ҳам иқтидор ва ҳам эътимоднокию бехатарияшон аз агрегатҳои пешин беҳтар аст. Иқтидори нерӯгоҳ бо агрегатҳои нав аз 126 ба 142 мегаватт расонда мешавад. Тибқи ин лоиҳа, ҳамчунин таҷҳизоти зиёди дигари нерӯгоҳ нав карда шуда, сарбанди бетонии он ҳам мустаҳкам мегардад, то ки нерӯгоҳи бузургтарини воқеъ дар вилояти Суғд солҳои зиёд боз ба мардум хизмат кунад. Татбиқи босамари ин лоиҳа, ки то соли 2018 бояд ба анҷом расад, қадами муҳими дигар дар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон хоҳад буд.Аз 76 миллион доллари амрикоӣ, ки барои татбиқи ин лоиҳа ҷудо мегардад, 50 миллионаш қарзи имтиёзии Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд, 10 миллион қарзи дарозмуддати Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйиёбии иқлим, 11 миллион гранти ҳамин барнома ва 4,7 миллион кумакҳои техникии дигар шарикони рушди Тоҷикистон мебошад.Хотиррасон бояд намуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо харҷи қариб 200 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд 14 лоиҳа мавриди татбиқ қарор дорад, ки қариб 100 миллиони ин маблағҳо грант мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст






