Нигаронии А. Қодирӣ аз ҷараёни сусти корҳо дар Истиқлол

Июль 2, 2014 09:09

Душанбе, 2.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Истиқлол дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ин минтақа сафари корӣ анҷом дод.Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, нахуст бо иштироки раиси вилоят ба мумфаршкунии кӯчаи ба номи Шириншоҳ Шоҳтемури маркази шаҳр ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дарозии умумии кӯчаи мазкур 1 км ва паҳноиаш 7 метрро ташкил дода, он аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз таъмири куллӣ бароварда мешавад. Фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчӣ ҶДММ «Суғдроҳ» мебошад.Дар доираи сафари кории раиси вилояти Суғд ба шаҳри Истиқлол аз рафти корҳои сохтмонӣ дар коргоҳи “Нуқрафом” мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар назди кони “Канҷол” корхонаи маъдантозакунӣ ва истеҳсоли нуқра бунёд карда мешавад. Сохтмони коргоҳ моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз ёфта, мувофиқи нақша моҳи сентябри соли равон мавриди барҳабардорӣ қарор мегирад. Корхона аз ҷониби ширкати “Силвер-Сил” — и Шветсария ва ҶДММ “Дастинаи ҶТ” бунёд ёфта, наздик 200 нафар сокинонро бо ҷои кор таъмин месозад. Иқтидори солонаи коргоҳ ба коркарди 100 ҳазор тонна маъдан дар як сол ва истеҳсоли 6 тонна нуқра баробар мебошад.Айни замон дар ин мавзеъ 30 нафар сохтмончиёну мутахассисон фаъолият дошта, корҳои бинокорӣ босуръат ҷараён дорад. Коргоҳ пурра бо дастгоҳ ва таҷҳизоти замони муосир муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Гуфта шуд, ки техникаву таҷҳизот аз Ҷумҳурии мардумии Чин дастрас гардида, бо ҷалби мутахассисони чинӣ васлу насб карда мешавад.Дар шаҳри Истиқлол роҳбари вилоят ба ҷараёни бунёди 2 коргоҳи саноатӣ мароқ зоҳир кард. Бояд қайд намуд, ки ба сохтмони ин коргоҳҳо аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуда буд ва то имрӯз корҳои лоиҳакашӣ ба итмом расонида шуда, гузаронидани хатти об ва бунёди обанбори сунъӣ ҷараён дорад. Тавре зикр гардид, ҳарду корхона бо харҷи 500 миллион доллари амрикоӣ сохта ва таҷҳизонида шуда, дар онҳо наздики 2,5 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Комбинати металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дорои иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ дар як сол мебошад. Комбинати металлургӣ идомаи бунёди силсилаи корхонаҳои Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин мебошад. Истихроҷ ва коркарди маъдани руҳу сурб чанд сол қабл дар корхонаи навбунёди “Зарнисор” оғоз ёфта буд.Роҳбари вилоят аз ҷараёни сусти корҳо изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати вусъати корҳо ба роҳбарияти коргоҳ маслиҳатҳои муфид дод. Ҳамчунин якчанд мушкилоти ҷойдошта, ки аз тарафи роҳбарияти коргоҳ баён карда шуд, аз ҷониби раиси вилоят ҳаллу фасл гардид. Сохтмони корхона соли 2014 оғоз ёфта, қисмати коркарди сурб соли 2016 ва қисмати коркарди руҳ соли 2017 ба кор дароварда мешавад.

Июль 2, 2014 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст