Нишони навбатии Мавзуна Чориева аз Чин
Душанбе, 24.07.2014 (АМИТ «Ховар» Фарзонаи Давлат).- Мавзуна Чориева, муштзани машҳури тоҷик, дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Чин медали нуқра ба даст овард. Тавре ки дар ин бора сомонаи Кумитаи олимпии кишвар хабар додааст, дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Гуяни Чин бо ширкати 139 варзишгар (112 мард ва 27 зан) аз 17 кишвар аз 13-ум то 20-уми июл баргузор шуд, се муштзани тоҷик — Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов ва Светлана Веглина — бо раҳбарии Мирзо Шамсиев, сармураббии мунтахаби бокси Тоҷикистон, иштирок карданд. Мирзо Шамсиев, сармураббии ҳайати кишвар баъди бозгашт аз Чин гуфтааст, Мавзуна Чориева дар сабқати занон дар вазни то 60 килограмм бар рақибонаш аз Муғулистон, Чин ва Тайланд ғолиб омада, ба финал баромад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Янг Чун Хуа аз Чин аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 0-3 мағлуб шуд ва мақоми дуюмро касб кард. Дар сабқат Светлана Веглина бошад, дар рақобатҳо дар вазни 51 кг дар даври аввал аз муштзани Кореяи Шимолӣ, ки ғолиби ин мусобиқа шуд, шикаст хӯрд. Ба гуфтаи мураббӣ дар сабқати мардон дар вазни то 60 кг Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, дар даври муқаддамотӣ бар асари зарбаи сахти рақиби қазоқаш сари ӯ шадидан осеб ёфт ва бо тасмими пизишкон сабқат қатъ шуд. Анвар аз идомаи мубориза маҳрум гашт. Гуфта мешавад, ки муштзанҳои тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқаи бокс аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ, ки моҳи сентябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






