Низоми нави интиқоли маблағҳо дар ҳудуди ИДМ
Душанбе, 11.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Дар ҳамоише, ки дар шаҳри Маскав бо иштироки намояндагони низоми бонкӣ, мутахассисони соҳа, сафорати ҶТ дар ФР, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират баргузор гардид, масъалаҳо вобаста ба кафолати давлатии низоми ҷадиди интиқоли маблағҳо дар ҳудуди кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд.Айни замон бозори байналмиллалии интиқоли маблағ давраи рақобатҳои носолимро аз сар мегузаронад. Мувофиқи таҳлили коршиносон сабаби асосии ин вазъ дар маҳдудшавии доираи хизматрасониҳо ва мавҷуд набудани манбаъҳои дигари даромад аз фаъолият маънидод мешавад. Соли равон муфлисшавӣ ва ё маҳдуд шудани имконоти низомҳои интиқоли маблағ, ки бо унвони “Migom ” ва “Contact ” миёни миллионҳо муштариён маъмул буд, аз пайомадҳои манфии ин раванд шаҳодат медиҳад. Ба қавли дигар низомҳои номбурда дар семоҳаи аввали соли равон натавонистанд ӯҳдадориҳои хешро бобати интиқоли маблағ дар назди муштариён ба пуррагӣ ба сомон бирасонанд. Аз муфлисшавии ин низомҳо на танҳо бонкҳои Русия ва кишварҳои ИДМ, балки шаҳрвандони оддие, ки тавассути ин низом маблағ равон карда буданд, зарари ҷиддӣ диданд. Бо мақсади пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо ва таъмини бемамонияту муътадили интиқоли маблағҳо Почтаи Русия ва Связ-Банки Русия низоми ҷадиди интиқоли маблағро бо унвони Форсаж-Близко-СНГ роҳандозӣ кард.Қабл аз ҳама афзалияти низоми Форсаж-Близко дар кафолати давлатии маблағҳои интиқолшаванда ва истифодаи усулҳои муосири хизматрасонии бонкӣ маънидод мешавад. Айни замон дар манотиқи гуногуни ФР аз 42 ҳазор дар 26 ҳазор шуъбаи Почтаи Русия бо низоми Форсаж-Близко интиқоли маблағ имконпазир шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






