Норасогии техникаи кишоварзӣ бартараф мегардад
Душанбе, 19.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Ҷиҳати бартараф намудани норасогии техникаи кишоварзӣ, имрӯз аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, ки Агентии иҷроияи лоиҳа ба шумор меравад ва бо дастгиирии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ба 56 мақомотхои худфаъолиятии ҷамъиятии ноҳияҳои Шӯрообод ва Муъминободи вилояти Хатлон кумаки техникӣ расонида шуд. Тавре ки намояндаи Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Муҳриддин Музаффаров иттилоъ дод, кумаки техникӣ аз 62 адад тракторҳои тамғаи МТЗ — 82 бо 408 адад мошинолотҳои зарурӣ иборат буда, аз Ҷумҳурии Белорус ва Туркия харидорӣ карда шудааст.Тавре дар маросими супоридани техника вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар иброз намуд, дастгирии лоиҳа дар ду ноҳияҳои вилояти Хатлон аз иқдомҳои наҷиб ва саривақтӣ буда, бо истифодаи самараноки техника ва мошинолотҳои воридгардида имконият пайдо мекунад, ки заминҳои кишоварзӣ ва боғу токзори нохияҳои Муминобод ва Шуробод сари вақт шудгор ва коркард гардида, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд карда шавад. Инчунин директори Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳ» Саъдӣ Каримов сухан гуфта, иброз намуд, ки аз ҷониби лоиҳа боз дигар чорабиниҳо, аз қабили таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, барқ, барқарор ва сохтмони пулҳои начандон калон, таъмири роҳҳо ва ғайра барои сокинони ноҳияҳои зикргардида амалӣ карда мешавад. Пеш аз ҳама лоиҳа кӯшиш ба харҷ медиҳад,ки сатҳи зиндагии 8 ҳазору 782 хонаводаҳои деҳаҳои минтақаҳои кӯҳистон хубтар гардида, онҳо имконият пайдо кунанд, ки аз заминҳои мавҷуда, аз ҷумла аз заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода баранд, — иброз намуд С. Каримов.Бояд қайд намуд, ки дар татбиқи лоиҳа Барномаи Фонди Оғо- Хон (MSDSP) ба ҳайси ташкилоти фасилитаторӣ ширкат менамояд. Мавриди зикр аст ки татбиқи Лоиҳаи «Беҳсозии зиндагӣ дар Хатлон» соли 2009 оғоз гардида, пас аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишномаи грантии лоиҳаи мазкур татбиқи он шуруъ аз 24 июли соли 2013, тавассути Маркази идоракунии Лоиҳаи «Рушди чорводорӣва чарогоҳ» идома дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






