Оғози имтиҳонҳои қабул дар ММТ
Душанбе, 1.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз, 1 июли соли 2014 дар 33 маркази имтиҳонӣ барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 1 имтиҳони қисм (компонент)-и А оғоз шуд. Дар ин имтиҳон иштироки 9 ҳазору 526 довталаби сабтиномшуда дар назар аст. Теъдоди воқеии иштирокдорон пас аз баргузории имтиҳон муайян хоҳад шуд. Дар соли 2014 теъдоди умумии иштирокдорони сабтиномшудаи ИМД 52 ҳазору 406 довталаб мебошад.Ба иттилои Ситорабону Назарова, сухангӯи ММТ, имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар 11 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ дар 39 маркази имтиҳоние, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, баргузор мегарданд. Рӯйхати нишонии марказҳои имтиҳонӣ дар сомонаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.Ёдовар мешавем, ки тибқи низоми муқарраргардидаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ имтиҳонҳои тестӣ дар ду давр — имтиҳони умумӣ (қисми А) ва имтиҳони ихтисос (қисми Б) гузаронида мешавад.Довтаталабон имрӯз аз имтиҳони умумӣ, ки фанҳои забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқро дар бар мегирад, имтиҳон месупоранд.Имтиҳони тестии қисми А барои кластерҳои 2-5 аз 2 то 5 июл ва имтиҳони тестии компоненти Б барои тамоми кластерҳо аз 7 то 11 июл баргузор мегардадНатиҷаҳои имтиҳонҳои тестӣ тавассути низоми баллҳо арзёбӣ мешавад. Барои субтестҳои фанҳои имтиҳонии қисми А натиҷаи имконпазири ҳадди аксар 200 балл ва барои субтестҳои фанҳои имтиҳонии қисми Б натиҷаи имконпазири ҳадди аксар 300 балл аст. Натиҷаи имконпазири умумии ҳадди аксар барои субтестҳои қисмҳои А ва Б 500 балл мебошад. Инчунин, он довталабоне, ки ба ихстисосҳои самти санъат, дизайн, меъморӣ, динӣ (исломӣ) ва варзиш ҳуҷҷат супоридаанд, дар баробари имтиҳонҳои тестии қисмҳои А ва Б имтиҳони эҷодӣ ва маҳорат (ИЭМ) низ месупоранд. Ҳамин тариқ, вобаста ба натиҷаҳои имтиҳонҳои эҷодию маҳорат ва имтиёзҳои муқарраргардида балли имконпазири умумии ҳадди аксар метавонад зиёд шавад. Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат пас аз гузаштани имтиҳонҳои тестии қисмҳои А ва Б вобаста ба гурӯҳи ихтисос (кластер)-ҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии дахлдор аз 10 то 19 июл гузаронида мешавад.Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо тибқи нақша 1 август пешбинӣ гардидааст.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






