Оқибати фоҷиавори сархушӣ
Душанбе, 30.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тавре ки имрӯз ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, бегоҳи рӯзи 26-уми июл дар ҳудуди собиқ бозори масолеҳи сохтмонӣ, воқеъ дар кӯчаи А. Юсуфии ноҳияи Ҳисор ду нафар мардикор, шаҳрванд Шамсулло Алимов соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Раҳмоналӣ Мирзоев, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Бохтар дар ҳолати мастӣ байни ҳам ҷангу ҷанҷол намуда ба лату кӯби якдигар мегузаранд. Шамсулло Алимов пас аз мушту лагад, чӯбдасти мехдореро гирифта, ба сару рӯи Раҳмоналӣ Мирзоев якчанд маротиба мезанад, ки дар натиҷа охирон, пагоҳи рӯзи дигар яъне 27-уми июл, ҳангоми ба беморхона бурдан, аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар роҳ ба ҳалокат мерасад.«Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Ҳисор шаҳрванд Шамсулло Алимов бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир гардид, ки бо кирдори ҷинояткоронаи худ иқрор мебошад. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад», — хабар медиҳад сарчашма.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






