Обёрӣ кардани заминҳои корам дар минтақаи Кӯлоб
Кӯлоб, 11.07.2014 (АМИТ “Ховар” Сулаймон Хол).-Дар ноҳияҳои минтаӄаи Кӯлоб як ӄисми заминҳои корам ба воситаи насосҳо обёрӣ мешаванд ва ба ин хотир 28 пойгоҳи обкашӣ фаъолият менамоянд, ки дар онхо 95 агрегати насосҳо мавҷуданд. Ӄисмати зиёди заминҳои обёришаванда дар ноҳияхои Восеъ ва Фархор ҷойгиранд. Соли ҷори пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Васеъ ва Фархор аз таъмир бароварда шуда, ба мавсими обёри омода буданд ва идораи хочагии об 90 фоизи заҳбуру заҳкашҳоро тоза карда, хочагиҳои деҳӄониро бо об таъмин менамоянд. Бино бар иттилои идораи хочагии оби минтаӄаи Кӯлоб айни замон дар ноҳияҳои Восею Фархор 14 хазору 700 гектар замини корам ба воситаи насосҳо обёрӣ мешавад, ки 7 ҳазору 650 гектари он дар ноҳияи Фархор ва 7 ҳазору 50 гектари дигар дар ноҳияи Восеъ мебошанд. Барои рафъи мушкилоти нарасидани об дар мавсими тобистон дар минтақаи Кӯлоб ҳавзи Муъминобод бо ғунчоиши 25 миллион кубаметр об ва ҳавзи селбур дар ҷамоъати дехоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ бо ғунчоиши 15 милион куб мавҷуданд, ки кишоварзонро бо оби техникӣ таъмин менамоянд. Ҳоло дар ин ҳавзҳо тахминан 30 миллион кубаметр об аст, ки ба гуфти мутахассисони соҳа метавонад то моҳҳои октябр заминҳои корамро таъмин намояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






