Огоҳӣ ба сардори Раёсат
Душанбе,04.07.2014.(АМИТ«Ховар»,Марзия Саидзода).-Зимни баргузории ҷаласа шаҳрдории Душанбе иқдомоти раҳбарияти «Комбинати шири Душанбе»-ро ҷиҳати ба оилаҳои ниёзманди пойтахт дар моҳи Рамазон дастрас намудани 20 кг гӯшт ба таври ройгон ҷонибдорӣ намуд. Ин иқдомот тибқи рӯйхате, ки аз ҷониби раисони маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт ба «Комбинати шири Душанбе» пешниҳод карда мешавад, роҳандозӣ мегардад.Ҳамзамон дар ҷаласа, ки ба масъалаи пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои пойтахт марбут буд, раиси шаҳр ба масъулони соҳа дастур дод, ки ҳамарӯза дар бозорҳои пойтахт ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзиро ташкил намоянд. Инчунин, Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе оиди мониторинги ғайрикасбии нархҳо дар бозори истеъмолии шаҳр нисбати маълумоти омории Раёсати Агентии омори шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ намуда, ба сардори ин Раёсат Ворис Муродов маротибаи охирин огоҳӣ дод.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






