Оид ба қазияе, ки дар Шимоли кишвар рух дод
Душанбе, 11.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Тибқи маълумоти мавҷуда 10 июли соли 2014 соати 11:30 бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди заминҳои кишоварзии хоҷагии кооперативии “Ворух”-и ноҳияи Исфара шаҳрвандони Тоҷикистон бо корҳои гузаронидани қубури обгузар машғул буданд. Ҳамин вақт ба назди онҳо марзбонони қирғиз, ки дар дидбонгоҳи “Тамдиқ” воқеъ дар қитъаи баҳсталаби сарҳадӣ хизмат менамоянд, наздик шуданд ва нисбат ба сокинони осоишта рафтори номатлуб зоҳир карда, талаби ғайриқонунии қатъи корҳо ва тарк кардани мавзеъро пеш оварданд. Марзбонони Тоҷикистон, ки дар наздикӣ воқеъ буданд, барои муайян кардани ҳолати бавуҷудомада, ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, кӯшиш карданд, то амалҳои ғайриқонунии марзбонони қирғизро боз доранд. Дар ҷавоб ногаҳон аз ҷониби марзбонони қирғиз тирпаронии нишондор оғоз гардид. Дар натиҷаи ин амал, 7 сокини осоишта ва як марзбони тоҷик ҷароҳат бардоштанд. Як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари ин ҷароҳат дар ҷои ҳодиса ҳалок гардид.Бояд қайд кард, ки аз ҷониби марзбонони тоҷик силоҳи оташфишон истифода нашуд.Дар робита ба қазияи мазкур, ки новобаста аз созишҳои чандинкарата оид ба ҳудудҳои мувофиқанашудаи сарҳадӣ ба вуқӯъ пайваст, ҷониби Тоҷикистон вобаста ба нақзи созишҳои номбурда аз тарафи мақомоти алоҳидаи Ҷумҳурии Қирғизистон изҳори нигаронӣ менамояд.Айни замон дар ҷои ҳодиса ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ва Муовини Сарвазири Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев фаъолият доранд.Бинобар ҳодисаи рухдода, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян кардани ҷузъиёти он ёддошти расмиро ба ҷониби Қирғизистон фиристод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






