Омӯзгори ДДХ бо пора дасгир шуд
Душанбе, 22.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тавре ки ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ мудири кафедраи коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд шаҳрванд Олимҷон Туйчиев соли таваллудаш 1967, истиқоматкунандаи ноҳияи Б. Ғафуровро бо гумони гирифтани пора дастгир намуданд.Муайян карда шуд, ки дастгиршуда аз довталабон, Саёҳат Имомназарова соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд, Шаҳлоҷон Ҳакимова соли таваллудаш 1996 ва Гулнора Собирова соли таваллудаш 1967, сокинони ноҳияи Б. Ғафуров барои дохил намудани онҳо ба коллеҷи дар боло зикргардида, 600 доллари ИМА-ро ҳамчун пора талаб намудааст. Сарчашма хабар медиҳад, ки О. Туйчиев дар назди ҳавлии истиқоматиаш, ҳангоми гирифтани маблағи пулӣ дастгир гардид. Нисбат ба дастгиршуда бо моддаи 319 (гирифтани пора) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






