Омӯзгори Донишгоҳи тиббӣ дастгир шуд
Душанбе, 16.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Синоро ҳангоми гирифтани пора дастгир намуданд.Халикова Гулчеҳра Пулатовна -ассистенти кафедраи «Физиолигияи нормалӣ»-и донишгоҳи зикргашта аз сокини ноҳияи Зафаробод С.С. Баротова барои ба ДДТТ дохил намудани хешаш К.Р. Исоев ба маблағи 11 ҳазор доллари ИМА талаб намудааст. Аз маблағҳои зикршуда гӯё 2000 доллари ИМА-ро ба «Неъмат» ном корманди Маркази миллии тестӣ ва боз маблағи 9000 доллари ИМА-ро ба шахсе, ки кору ӯро ҳал менамояд, медиҳад. Айни хол баҳри муайян намудани шарикони Г.П. Халикова чораҳои дахлдор андешида шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






