Омилҳои пайдоиши бемориҳои марбут ба камйодӣ
Душанбе, 04.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Роҷеъ ба омилҳои пайдоиши бемориҳои марбут ба камйодӣ намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар зимни нишасте дар Душанбе маълумоти мукаммал пайдо карданд. Нишасти мазкур бо ибтикори Пажуҳишгоҳи давлатии «Ғизо» -и Вазорати саноат ва технологияҳои муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Алянси глобалӣ барои беҳдошти ғизо созмон дода шуда, дар он доираи васеи хабарнигорон ва коршиносону донишмандони соҳа ширкат доштанд. Ҷаҳон Азонов- мудири Пажуҳишгоҳи давлатии «Ғизо», Мутриба Латифова намояндаи Алянси глобалӣ барои беҳдошти ғизо ва дигар мутахассисони соҳа доир ба сабабҳои пайдоиши камйодӣ, оқибатҳо ва пешгирии он, проблемаҳои камёодӣ дар ҷаҳон ва Тоҷикистон, тарзи нигоҳдории намак ва тарзи дурусти истеъмоли он гузориш доданд. Бояд тазаккур дод, ки 8 сол мукаддам, аниктараш 7 марти соли 2006 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо бонувони ҷумҳурӣ гуфта буд ки: «Дар кишвари мо бемориҳои камбуди йод, хусусан ҷоғари эндемӣ хеле зиёд ба қайд гирифта шудаанд. Ҳарчанд ки аз ҷониби Ҳукумат Барномаи миллӣ «Оид ба мубориза бар зидди бемориҳои камйодӣ барои солҳои 1997-2001» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднок гардонидани намак» соли 2002 қабул карда шудааст, вале фоизи бемориҳои зикргардида ба дараҷаи зарурӣ кам нашуда истодааст». Сарвари давлат таъкид карда буданд, ки муоинаҳои гузаронидашуда нишон доданд, ки танҳо 53 % аҳолии кишвар намаки йоднокро истифода мебарад. Ин раванд метавонад оянда ба инкишофи ақлонӣ ва генофонди миллат таъсири манфӣ расонад. Президенти кишвар ба масъулини Вазорати тандурустӣ ва мутасаддиёни соҳа супориш дода буд, ки нисбати ин проблема ҷиддӣ муносибат карда, ҳамкориҳои байнисоҳавиро рушд диҳанд ва барои пешгирии бемории ҷоғар тадбирҳои саривақтӣ андешанд. Дар нишаст ҳамзамон роҳҳои тавсеаи ҳамкорӣ бо ВАО ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолии кишвар дар бораи намаки йоднок баррасӣ гардида, мутахассисони соҳа ба саволҳои намояндагони ВАО посух доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






