Омодагӣ ба Ҷоми Созмони ҳамкории Шонҳой дар Душанбе

Июль 4, 2014 16:37

Душанбе, 04.07.2014 (НИАТ «Ховар»).- Имрӯз, 4-уми июл, дар Душанбе, дар як ҷаласаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ҷараёни омодагӣ ба мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол байни наврасон барои Ҷоми Созмони ҳамкории Шонҳой баррасӣ шуд. Тавре аз Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар додан, дар ин ҷаласа раҳбарону намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши кишвар ширкат доштанд. Аҳтам Рустам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, нахуст дар бораи натоиҷи баррасии масъала оид ба рафти иҷрои Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012-2016 дар ҷаласаи охирини Ҳукумати Тоҷикистон, иттилоъ дод. Вай гуфт, «Барномаи мазкур дар асоси супориши президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо варзишгарони кишвар, ки 20-уми декабри соли 2010 баргузор шуда буд, таҳия, қабул ва мавриди татбиқ қарор гирифтааст. Ин Барнома ба рушди футбол дар кишвар мусоидат мекунад. Соли 2014 дар Тоҷикистон Соли футболи оммавӣ эълон шудааст. Ин ташаббуси Федератсияи футболи кишвар, бешак, ба болоравии маъруфияти футбол ва рушди он дар ҷумҳурӣ таъсири мусбат мерасонад.” Вале, афзуд А. Р. Абдуллозода, то ҳоло 7 банди Барномаи рушди футбол, минҷумла футболи кӯдакону наврасон, ба иллати камбуди маблағ амалӣ нашудааст. — Бинобар ин дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон Вазорати молияи кишвар муваззаф шуд, ки барои рушди минбаъдаи футбол бар асоси ин барнома маблағи зарурӣихтисос бидиҳад. Инчунин, мо, масъулини соҳа низ бояд барои рушди минбаъдаи футбол дар ҷумҳурӣ ва комилан иҷро шудани ин барнома аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда васеъ истифода барем”, — таъкид намуд Аҳтам Абдуллозода. Баъдан раҳбари соҳаи варзиши кишвар иброз дошт, ки аз 17-ум то 23-юми август дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, барои аввалин бор мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол байни наврасон барои Ҷоми Созмони ҳамкории Шонҳой баргузор мешавад.  Ин мусобиқаи байналмилалӣ ба нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонҳой, ки моҳи сентябр дар Душанбе доир мегардад, бахшида шудааст. Дарвоқеъ, масъулияти раёсати ҷаласаи навбатии ин созмонро Тоҷикистон бар ӯҳда дорад. Ба мусобиқа дастаҳои наврасони синнашон 16-17-сола аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонҳой – Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Чин — даъват шудаанд. Дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар оид ба ташкил ва баргузории ин мусобиқа тасдиқ шуд. Инчунин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Ҷоми СҲШ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он раҳбарону намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияи футболи кишвар ва Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон дохил шуданд. Инчунин имрӯз Аҳтам Рустам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, бо Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии кишвар, мулоқот дошт. Баҳрулло Раҷабалиев дар бораи ҷараёни омодагиҳо ба Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли равон дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, иттилоъ дод. Вай гуфт, «Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, инчунин федератсияҳои миллӣ беш аз 150 варзишгарро ба Бозиҳои XVII осиёӣ аз рӯи намудҳои бокс, гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ, дзюдо, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ ва ғайра омода мекунад. Барои сари вақт ҳал намудани масъалаҳо ва ширкати муваффақонаи варзишгарони тоҷик дар ин Бозиҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Умедворем, ки дар Бозиҳои XVII осиёӣ варзишгарони мо шарафи Тоҷикистонро сазовор ҳимоя мекунанд.”  Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамкориро бо Кумитаи миллии олимпии кишвар боз ҳам вусъат медиҳад ва барои омодагии ҳамаҷонибаи варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ тадбирҳои судбахш меандешад.

Июль 4, 2014 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд