Омодагии мунтахаби кишвар барои дидор бо тими миллии Малайзия
Душанбе, 30.07.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Шурӯъ аз дирӯз дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон омодагии хешро барои бозии дӯстона бо тими Малайзия шурӯъ кард.Тавре ки дар ин бора Федератсиони футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷамъомади таълимиву тамринии даста бо раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев шоми дирӯз дар Академияи футболи “Истиқлол”, ки дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор қарор дорад, оғоз ёфт. Гуфта мешавад, ки Мӯҳсин Муҳаммадиев ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 23 бозигар даъват кардааст, ки дар байни онҳо ду легионер, Давронҷон Эргашеви 26-сола, ҳимоятгари тими «Жетису»-и Қазоқистон ва Нозим Бобоҷонови 18-сола, нимҳимоятгари «Рубин»-и Қазон, мебошанд. Мунтахаби кишвар аз 4-уми август дар Душанбе тамрини худро идома медиҳад, ки Давронҷон Эргашев ба даста 5-уми август ҳамроҳ мешавад. Бозии дӯстона байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Малайзия 8-уми август дар Душанбе баргузор мешавад. Довари FIFA Александр Алиев аз шаҳри Алмаатои Қазоқистон сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари FIFA Сергей Васютини ва Самад Тергеусизови ҳарду аз Алмаато ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






