Ошкор гардидании зарари молиявӣ дар ҳаҷми 14 миллион сомонӣ

Июль 31, 2014 12:57

Душанбе, 31.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи соли равон дар вазорату идораҳо, марказҳои идораи барномаҳои инвеститсионӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 82 санҷишҳои аудиторӣ гузаронида шуд». Ин матлабро Дилмурод Давлатзода -раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 июл зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе ироа кард. Мавсуф афзуд, зимни гузаронидани чорабиниҳои назоратӣ ва таҳлилию ташхисӣ дар вазорату идораҳо 14 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст. Аз он беш аз 1 миллион сомонӣ хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ, зиёда аз 2 миллион сомонӣ камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, 3,5 миллион сомонӣ изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, беш аз 6 миллион сомонӣ маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпуш намудаи андозҳо дар идораю муассисаҳо мебошанд. Ҳамзамон дар ин давра беш аз 1 миллион сомонӣ истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ, 12544,8 ҳазор сомонӣ талафи буҷет аз ҳисоби пардохти беасоси мукофотпулиҳо ба кормандони муассисаҳои буҷетӣ ошкор карда шудааст. Дилмурод Давлатзода афзуд, ки дар ҷараёни санҷишҳои аудиторӣ наздик ба 10 миллион сомонӣ ба фоидаи давлат барқарор карда шудааст, ки ин омор 71,3 % зарари ошкоршударо ташкил медиҳад. Д. Давлатзода ҳамзамон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ доир ба сохтор, фаъолит ва нақшаҳои ояндаи ин мақомот гузориш дода, гуфт, ки Палатаи ҳисоб мақоми аудити мустақим буда, аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидаи аудиторӣ танҳо ба Президент ва Парлумон маълумот ироа месозад. Бояд тазаккур дод, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2011 бо Фармони Президенти кишвар таъсис дода шуда, он мақоми олии назорати молиявӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Июль 31, 2014 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад