Ошкоршавии 835 ҷинояти коррупсионӣ
Душанбе, 30.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- «Дар давраи нимсолаи сипаригардида аз ҷониби воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентии зиддифасод 835 адад ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд ошкор шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 66 ҷиноят зиёд мебошад»,- изҳор дошт роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Абдуфаттоҳи Ғоиб.А.Ғоиб ҳамчунин афзуд, ки аз ҳисоби умумӣ 245 — тоаш ҷинояти дуздӣ бо роҳи азонихудкунӣ, исрофкорӣ, 317 — тоаш қаллобӣ, 23-адад ҷинояти суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, 66 адад чиноятҳои гирифтан ва додани пора, 10 адад ришвадиҳии тиҷоратӣ ва 23 адад гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ мебошанд.Бояд зикр намуд, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 245-тои онҳоро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






