Озмуни «Бонувони беҳтарини донишкада-2014» дар ДМИТ
Душанбе, 19.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Ашӯрбой Солиев-ректори Донишкадаи молия ва иқтисод зимни нишасти матбуотӣ оид ба корҳои тарбиявию ташкилӣ ва фарҳангӣ гуфт, ки дар давоми сол дар донишкада 150 чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ, вохӯриву суҳбатҳо, конфронсҳои илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ ва умумидонишкадавӣ, озмуну мизҳои мудаввар ташкил ва гузаронида шуданд, ки ин барои таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоварад.Ҳамзамон қайд карда шуд,ки дар донишкада 231 зан кору фаъолият менамоянд. Аз ҳисоби донишҷӯён бошад 399 нафар духтарон дар шуъбаи рӯзона ва 550 нафар духтарон дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд.Шӯрои бонувони донишкада дар ташкил ва баргузории чорабиниҳо хеле фаъол буда, устодон ва донишҷӯдухтарони донишкада дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва дохилӣ фаъолона иштирок намуда, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардидаанд. Инчунин дар байни донишҷудухтарони факултаҳо озмуни «Бонувони беҳтарини донишкада-2014» гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯдухтарони факултаи молия ва қарз ғолиб баромаданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






