Озмуни мақолаи беҳтарин бахшида ба Рӯзи Сарқонун

Июль 1, 2014 15:12

Душанбе, 1.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 20-солагии Рўзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳоро баргузор менамояд.Аз ҷумла, бо мақсади тақвияти ҳисси ватандўстии ҷавонон, арҷгузорӣ ба таърих ва тамаддуни халқи тоҷик, фароҳам овардани шароит барои таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод озмуни ҷумҳуриявии мақола ва шеъри беҳтаринро ба муносибати ҷашни 20-солагии Рўзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд.Мақола ва шеъри пешниҳод гардида бояд мавзўи Ватанро чун бузургтарин муқаддасот ифода намуда, таъсирбахш бошанд, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон равона гардида, таърихи қабули Сарқонун, мазмуну мўҳтаво ва мақсади асосии онро таҷассум намоянд. Муҳлати қабули маводҳо то 20.08.2014 буда, ғолибон бо тўҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд.

Июль 1, 2014 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад