Озмуни вилоятии карнайнавозон
Душанбе, 16.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҷиҳати эҳёи ҳунару анъанаҳои миллӣ ва ҳифзи мероси қадимаи халқи тоҷик озмуни вилоятии «Карнайнавозон» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор шуд.Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар озмун навозандагони ин асбоби мусиқӣ аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Спитамен, Истаравшан, Шаҳристон, Чкалов, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд. Озмун аз рӯи навозиши гурӯҳӣ ва якка сурат гирифт, ки дар он 20 даста иштирок намуд.Дар анҷом аз рӯи навозиши гурӯҳӣ карнайнавозони шаҳри Истаравшан ва аз рӯи навозиши якка карнайнавозони ноҳияи Спитамен сазовори ҷои аввал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






