Парвоз ба Пекину Ҷидда роҳандозӣ мешавад
Душанбе, 21.07.2014. ( АМИТ «Ховар», Фарзонаи Нарзӣ). -Имрӯз аз ҷараёни натиҷаҳои шашмоҳаи фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи (ҶСК) «Тоҷик Эйр» дар соли 2014 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Роҳбари ин ниҳод Фирӯз Ҳамроев қайд кард, ки ягона имтиёзе ки дар ширкат фароҳам оварда шудааст ин ба кӯдакони то синни 5 сола додани чипта ройгон мебошад. Зеро ба гуфти ӯ дар дигар кишварҳо чунин имтиёз то 2 сола ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин аз хизматрасониҳои ширкат дар нимсолаи аввали соли равон 165 ҳазору 909 нафар мусофирон истифода бурданд ва ин нишондиҳанда нисбати нимсолаи аввали соли 2013 14242 нафар камтар аст. Дар нимаи дуввуми соли равон ширкати мазкур тасмим дорад хатсайрҳои Душанбе-Гуанчжоу-Душанбе, Душанбе-Пекин-Душанбе ва Душанбе-Ҷидда-Душанберо роҳандозӣ намояд. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ барои иҷрои саривақтии барномаи давлатии «Ҳаҷ-2014» тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷадвали парвозҳоро тасдиқ намудааст ва санаи 14-уми сентябр интиқоли зоиринро ба шаҳри Мадина оғоз менамояд. Ф. Ҳамроев аз натиҷаи фаъолияти соҳа дар 6 моҳ изҳори қаноатмандӣ карда афзуд, ки имкониятҳои истифода нагардида хеле зиёданд ва онҳо минбаъд ҳатман амалӣ хоҳанд шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






