Пешниҳоди нав аз Маркази миллии тестӣ

Июль 4, 2014 10:48

Душанбе, 4.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад:Иштирок дар имтиҳонҳои компоненти А ва Б барои тамоми довталабони сабтиномшуда ҳатмист. Новобаста аз он ки довталабон дар имтиҳони компоненти А иштирок кардаанд ё на, ҳузури онҳо дар имтиҳони компоненти Б ҳатмист.Нафароне, ки бо сабабҳои узрнок дар имтиҳони қисми А иштирок карда натавонистанд, ҳатман ба имтиҳони компоненти Б роҳ дода мешаванд. Чун баллҳо дар натиҷаи ҳисобу китоби ҳарду имтиҳон гузошта мешавад.Натиҷаҳои имтиҳонҳои тестӣ тавассути низоми баллҳо арзёбӣ мешавад. Барои субтестҳои фанҳои имтиҳонии қисми А натиҷаи имконпазири ҳадди аксар 200 балл ва барои субтестҳои фанҳои имтиҳонии қисми Б натиҷаи имконпазири ҳадди аксар 300 балл аст. Натиҷаи имконпазири умумии ҳадди аксар барои субтестҳои қисмҳои А ва Б 500 балл мебошад. Инчунин, он довталабоне, ки ба ихстисосҳои самти санъат, дизайн, меъморӣ, динӣ (исломӣ) ва варзиш ҳуҷҷат супоридаанд, дар баробари имтиҳонҳои тестии қисмҳои А ва Б имтиҳони эҷодӣ ва маҳорат (ИЭМ) низ месупоранд.Ҳамин тариқ, вобаста ба натиҷаҳои имтиҳонҳои эҷодию маҳорат ва имтиёзҳои муқарраргардида балли имконпазири умумии ҳадди аксар метавонад зиёд шавад.Калиди ҷавобҳои дурусти китобҳои тестии компоненти А барои кластерҳои 1,2,3,4,5 пас аз анҷоми имтиҳони қисми А барои ҳамаи кластерҳо 6 июл дар сомонаи Марказ ҷой дода мешаванд. Барои компоненти Б мувофиқан пас аз анҷоми имтиҳон 12 июл ҷавобҳо дар сомона ҷой дода мешаванд.Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо тибқи нақша 1 август пешбинӣ гардидааст.

Июль 4, 2014 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад