Пирузии бузурги варзишгари тоҷик 11:0
Душанбе, 30.07.2014 (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).–Варзишгари маъруфи тоҷик Искандари Рустам дар мусобиқаи кушоди байналмиллалӣ оид ба гуштини тарзи озод ба номи Динмуҳаммад Кунаев дар шаҳри Тарази Қазоқистон иштирок карда, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Искандар, ки дар вазни 97 кг қувваозмоӣ мекунад, ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобикот буд.Дар сабкат барои медали биринҷӣ Искандар бар варзишгари шинохтаи қазоқ Жумагали Мамутов бо ҳисоби 11:0 пируз гардид.Ёдовар мешавем, ки Искандари Рустам иштирокчии бозиҳои Олимпии Лондон 2012 буда, се маротиба ҷоизадори Чемпионати Осиё бо 2 медали нуқра ва 1 биринҷӣ мебошад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ иттилоъ дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






