Поймолкунандагони забон ҷарима месупоранд
Душанбе, 30.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ дар нимсолаи аввали соли 2014 фаъолияти худро баҳри татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016, ҳамчунин иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҶТ ва Ҳукумати кишвар ба роҳ мондааст. Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» мутобиқи Низомнома яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумита маҳсуб меёбад.Тибқи иттилои Гавҳар Шарофзода раиси кумитаи мазкур дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби гурӯҳҳои кории санҷишии кумита дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоту идораҳои дахлдор вазъи иҷрои қонуни мазкур дар иртибот ба номгузорӣ ва лавҳаю овезаҳои 205 ташкилоту муассиса ва марказҳои хизматрасонии маишии ноҳияҳои пойтахт мавриди санҷиш қарор гирифт.Номгузорӣ ва маводи иттилоотии 205 муассиса бар хилофи муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» мебошад ва барои бартараф намудани камбудиҳо муҳлат дода шуд. Гавҳар Шарофзода илова кард, ки хушбахтона баъд аз пешниҳоду тавсияҳои кумита ном ва маводи иттилоотии 56 муассиса ба талаботи қонуни мазкур мутобиқ карда шуда, барои риоя накардани қонуни мазкур 15 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷарима ба маблағи 50 ҳазору 600 сомонӣ таъйин карда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






