Рӯҳи Дӯстмурод Алиевро шод намуданд
Душанбе, 18.07.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Деҳоти Файзободи ноҳияи Файзобод номи ҳофизи мардумии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиевро гирифт. Дар ин хусус 17 июл Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод қарор марбута қабул кард. Раҳимӣ Фарҳод-раиси Кумитаи палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон гуфт, ки ҳадаф аз табдили ном кардани деҳоти Файзободи ноҳияи Файзобод ба номи ҳофизи мардумии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев бартараф намудани такрорёбии номҳо ва пос доштани хотираи неки шахсиятҳои барҷаставу мӯътабари диёр ва ба инобат гирифтани фикри аҳолии ҳамин воҳиди марзиву маъмурист. Шодравон Дӯстмурод Алиев 64 сол муқаддам, аниқтараш 19 апрели соли 1950 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шуда, дар аёми авҷи камолоти эҷодияш дунёро падруд гуфт.Шеърҳои сурудаи ин ҳофизи зиндаёд, тараннумгари эҳсосоти латиф ва саршор аз меҳру муҳаббати бузурги инсонӣ буд. Ин аст, ки бо гузашти солҳои тӯлонӣ сурудҳои дилошӯби сароидаи шодравон Дӯстмурод Алиев дар қалби дӯстдорону ҳаводоронаш маъво гирифтааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






