Рӯзномаву маҷаллаҳо ба Мурғоб дер мерасанд
Хоруғ 22.07.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Маъруф Шоҳниёзов сардори корхонаи фаръии воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» дар вилоят зимни мусоҳибаи ихтисосӣ иброз дошт, ки ҷиҳати сари вақт дастрас нашудани рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷамоати Аличури ноҳияи Мурғоб, сардори муассисаи ноҳиявии почта аз вазифа барканор хоҳад шуд. Ин иқдом дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ахиран раиси ноҳия бо пешниҳоди худ низ хостори аз вазифа сабукдӯш кардани сардори муассисаи ноҳиявии почта шудааст. Тибқи иттилои сардори корхонаи фаръии воҳиди давлатии «Почтаи-тоҷик» дар вилоят ба далели ворид шудани шикоятҳои пайи ҳам оиди фаъолияти сусти сардори муассисаи ноҳиявии почтаи ноҳияи Мурғоб тасмим аст, ки бо анҷом додани тафтиши фаъолияти ин ниҳод сардори муассисаи номбурда аз вазифа озод карда мешавад. Муросилот ва интиқоли рӯзномаву маҷаллаҳо ҳар моҳа бидуни танаффус аз маркази вилоят ба ноҳияи Мурғоб сари вақт анҷом дода мешавад, аммо бо сабабҳои гуногун маводҳои чопӣ ва номаву барқияҳо сари вақт ба дасти мардум намерасанд.Бар асоси оморҳои расмӣ иҷроиши нақшаи обунашавӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои дохил ва хориҷи кишвар барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар ноҳияи Мурғоб нисбати ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз коҳиш ёфтааст. Сари вақт дастрас нагардидани матбуоти даврӣ ба ҷамоати Аличур аз мушкилоти асосии аҳолии ин минтақа дар мавриди дастрасӣ ба иттилоот дониста мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






