Р. Асадулло: «Мо аз кори на ҳамаи кормандонамон қаноатманд ҳастем»
Душанбе, 11.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Алҳол чор нафар кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ва Беларус тавассути стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар курсҳои яксола, семоҳа ва думоҳа такмили ихтисос менамоянд. Раҳмон Асадулло-раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотие, ки фаъолияти ин ниҳодро дар зарфи 6 моҳи соли равон натиҷагирӣ мекард, гуфт, ки чунин курсҳои такмили ихтисосро дар хориҷи кишвар ду нафар коргардонҳои Кумита хатм намуда, ба ҷумҳурӣ баргаштанд. Раҳмон Асадулло афзуд, ки баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва зерсохторҳои он пайваста дар мадди назари роҳбарияти Кумита қарор дорад ва мо аз кори на ҳамаи кормандонамон қаноатманд ҳастем. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъкид кард, ки ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани касбияти кормандони телевизион ва радио дар назди Кумита Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалӣ фаъолият мекунад, ки дар он дарси маҳорати суханварӣ, омӯзиши забонҳои русию англисӣ ба роҳ монда шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






