Рафти ҷамъоварии картошка ва сабзавот
Душанбе, 15.07.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Мувофиқи маълумотҳои фаврии раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ имсол дар майдони 18541 гектар кишти картошка гузаронида шуда, то санаи 13-уми июли соли ҷорӣ рафти ҷамъоварии картошка майдони 3309 гектарро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ ба миқдори 65434 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 197,7 сентнериро ташкил медиҳад.Дурнамои истеҳсоли сабзавот бошад, дар ҷумҳурӣ 142 ҳазор тоннаро ташкил дода то санаи 13-уми июли соли равон 249,7 ҳазор тонна сабзавот ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 56,8 ҳазор тонна зиёд аст. Қобили зикр аст, ки ҳосилнокии сабзавот аз ҳар як гектар 243,1 сентнериро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба соли гузашта 24,3 сентнер зиёд мебошад.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






