Расул Файзов ба дастаи “Андиҷон”-и Узбакистон меравад
Душанбе, 16.07.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Дирӯз як футболбози дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа Расул Файзов, ба клуби “Андиҷон”-и Ӯзбекистон даъват шудааст. Бино ба гуфтаи Тоҳир Муминов, сармураббии дастаи “Вахш”, Файзов рӯзҳои наздик ба Андиҷон хоҳад рафт. Хотиррасон менамоем, ки нимҳимоятгари 22-солаи тоҷик дар марҳилаи аввали чемпионати Тоҷикистон дар ҳайати дастаи “Вахш” 9 бозӣ анҷом додааст. Ёдовар мешавем, ки чанде пештар Сергей Шевченкои украинӣ дубора ба курсии сармураббии дастаи “Андиҷон” нишаст. Ногуфта намонад, ки солҳои 1997-1999 зери раҳбарии Шевченкои 54-сола Тоҳир Муминов дар ҳайати дастаи “Андиҷон” бозӣ кардааст. Бояд зикр кард, ки дар таърихи ин дастаи Ӯзбекистон ҳафт футболбози тоҷик шомил мебошад,аз он ҷумла Тоҳир Муминов, Рустам Забиров, Шуҳрат Шамсиев, Маҳмадалӣ Содиқов, Баҳодур Шарипов, Алексей Негматов ва Фарҳод Тоҳиров дар ҳайати он бозӣ кардаанд. Агар Расул Файзов аз санҷиш гузарад, ҳаштумин бозингар хоҳад шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






