Риояи талаботҳои истифодаи замин
Панҷакент, 30.07.2014 (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худоибердиева).- Имрӯз дар кумтаи идораи заминсозии шаҳри Панҷакент бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нишастро раиси кумитаи идораи заминсозӣ Саидҷон Шодиев ифтитоҳ намуда аз ҷумла қайд кард,ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ барои истифодабарандагони замин 839 адад сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дастрас карда 140 адад қарорҳои раиси шаҳри Панҷакент оид ба ҷудо ва вобаста намудани қитъаҳои замин ба тавсиб расонида шуда аст. Мувофиқи нақшаи кори таъмини Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва шаҳодатномаи саҳми замин аз тарафи кумитаи идораи замини шаҳри Панҷакент мунтазам ба назорат бурда мешавад. Оид ба беҳтар намудани ҳолати назорати истифода ва ҳифзи замин, риояи талаботҳои Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонии фермерӣ »ва Кодекси ҳуқук вайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди кумита гурӯҳи назоратӣ ташкил карда шуд, ки ҳар ҳафта оид ба фаолияти худ ҳисобот медиҳанд Дар фарҷоми нишаст С.Шодиев ба саволҳои хабарнигорон посухҳои ҷолиб дод.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






