Роҳхати варзишгарон ба бозиҳои тобистонаи олимпии Чин
Душанбе, 17.07.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 40 Чемпионат ва мусобиқаҳои кушоди шаҳри Душанбе доир гаштааст, ки дар он варзишгарони риштаҳои гуногуни варзиш аз минтақаҳои кишвар иштирок намуданд.Ҳамчунин дар ин давра варзишгарони пойтахт ба 24 мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз кишвар сафарбар карда шуданд, ки 5 нафар варзишгарони пойтахт ба дуюмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ байни наврасон, ки моҳи августи соли равон дар Шаҳри Нанчини кишвари Ҷумҳурии мардумии Чин доир мегардад, роҳхат гирифтанд.Бино ба иттилои мудири бахши таҳлилу иттилотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров дар пойтахт 10 мактабҳои варзишӣ ҳамарўза фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 156 нафар мураббӣ ва аз рўи 25 намуди варзиш дар 268 гурўҳ беш аз 2 ҳазор нафар нарасону ҷавонони варзишгар машқ мекунанд, ки аз ин теъдод 344 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






