Рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи назаррас қарор дорад
Душанбе, 30.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Сарфи назар аз вазъи номуайяни геополитикии ҷаҳон, номуратабии рушди иқтисодии минтақавию ҷаҳонӣ ва ноустувории нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии ашё, инчунин номусоидии боду ҳавои ниммаи аввали соли равон ва дигар мушкилот, рушди мусбии аксари соҳаҳои иқтисодӣ миллӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи назаррас таъмин карда шуд». Ин матлабро имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ Неъматҷон Буриев — муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар зикр кард. Мавсуф иброз дошт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 17879,2 миллион сомонӣ баробар гардида, рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 6,7 % — ро ташкил дод. Зикр гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати рушд дар соҳаи саноат ба андозаи 3,7 банди фоизӣ, кишоварзӣ 6,1 банди фоизӣ, савдои чакана 4,3 ва хизматрасонии пулакӣ 4,6 банди фоизӣ коҳиш ёфт, ки дар маҷмӯъ боиси 0,8 банди фоизӣ ё 138,8 миллион сомонӣ паст рафтани суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гардид. Неъматҷон Буриев гуфт, ки тибқи маълумоти оморӣ дар ин давра дар корхонаҳои саноатии кишвар ба маблағи 4554, 6 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 % ё худ беш аз 90 миллион сомонӣ зиёд аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






