Сӯхтор дар «Терминали Ёвон»
Душанбе, 3.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар ҶДММ “Терминали Ёвон”-и ноҳияи Ёвон 1-уми июли соли ҷорӣ сӯхтор ба амал омад. Тавре аз ВКД хабар доданд, алангаи оташ масоҳати 480 метри мураббаъро фаро гирифта, дар натиҷа 33 нуқтаи савдои соҳибкорон сӯхтааст.Ба гуфтаи директори терминал Қумриддин Ҷӯрахонов сӯхтор аз дохили яке аз нуқтаҳои асъори «Терминали Ёвон» сар зада, зарари асосиро нуқтаҳои атрофи он дидаанд. Сари вақт мошинҳои сӯхторхомушкунӣ аз ноҳияҳои Ёвон, Норак ва Рӯдакӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, давоми 3 соат сӯхторро хомӯш кардандСабаб ва зарари расонидашуда аз ҷониби мутахассисон муайян карда мешавад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






