Сафари кории Қ. Расулзода ба вилояти Суғд
Душанбе, 15.07.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрӯз сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт. Зимни сафар Қоҳир Расулзода нахуст дар ноҳияи Зафаробод бо вазъи пойгоҳҳои обкашӣ ва ҳолати таъминоти хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо об шинос шуд. Тавре маълум гардид, силсилапойгоҳҳои обкашии “Мирзочул” дар айни замон бо дар назар дошти паст будани сатҳи оби дарёи Сир фаъолияти пурра надошта, заминҳои таиноти кишоварзии ноҳияро ба миқдори зарурӣ бо об таъмин намекунад. Барои таъмини фаъолияти мунтазам ва беҳдошти сатҳи обрасонӣ дар ноҳия сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода масъулини соҳаро вазифадор кард, ки лоиҳаи ба таъмири пурра фаро гирифтани қубурҳои калонҳаҷми асосии обрасонро таҳия карда, асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ гузаронанд. Дар баробари ин тавуҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи таъминоти доимии иншооти обрасон бо барқ нигаронида шуда, корҳои тоза намудани каналу қубурҳо сари вақт ба анҷом расонида шаванд.Дар идомаи сафар сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҳолати нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ ва таъминоти хоҷагиҳои деҳқонӣ бо об шинос шуд. Қоҳир Расулзода дар маҷмӯъ вазъи кишоварзӣ ва ҳолати таъминоти соҳа бо обро муътадил арзёбӣ карда, роҳбарияти вилоят ва ноҳияҳои мазкурро барои таъмини бемамонияти хоҷагиҳои кишоварзӣ бо об, тақсимоти дуруст ва истифодаи самараноки об дар ҳамин замина, афзун намудани ҳосилнокии майдониҳои таъиноти кишоварзӣ вазифадор кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






