Санҷишҳо камбудиҳоро ошкор кард
Душанбе, 25.07.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-«Ҷиҳати самаранок ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳо дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ як қатор санҷишҳо гузаронида шудаанд»,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев. Натиҷаи санҷишҳо нишон дод, ки ба маблағи 12,4 миллион сомонӣ камбудиҳои гуногун аз қабили камомади маблағҳо 848,5 ҳазор сомонӣ, сарватҳои моддию молӣ 1,1 миллион сомонӣ, маблағгузории барзиёди беасос 114,5 ҳазор сомонӣ, нодуруст банақшагирӣ 3,7 миллион сомонӣ, нодуруст ҳиссаҷудокунии андозҳо 1 миллион сомонӣ, изофанавасӣ дар корҳои сохтмонӣ 362,3 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷрои амволи давлатӣ ба маблағи 107,2 ҳазор сомонӣ ва ғайраҳо ошкор гардиданд. Аз 6 миллион сомонӣ маблағҳои ошкоршуда 5 миллион сомонӣ ба буҷет ва 1 миллион сомонӣ ба корхонаҳо барқарор карда шуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






