Семинар-машварати ҷавонон оид ба хизмати ихтиёрӣ дар артиш
Душанбе, 09.07.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирўз дар шаҳри Қурғонтеппа бо мақсади татбиқи чорабиниҳои Барномаи “Ихтиёрии ҷавон” семинар-машварат бо ширкати масъулини дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва бахшҳои ноҳиявии Кумита дар вилояти Хатлон доир гардид.Дар чорабинӣ, иштирокчиён масоили хизмати ихтиёрӣ дар артиш ва роҳҳои ҷалби ҷавонон ба хизмати ихтиёрӣ, ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ ва густариши худшиносии чавонон баррасӣ гардида, оид ба ин самт андешаҳои зикргардида мавриди муҳокимаву баҳсҳо қарор гирифтанд.Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ дарки масъулият ва фаъол намудани нерўи эҷодкору созандаи ҷавонон баҳри хизмати ҳарбӣ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






