Семинар оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Июль 21, 2014 09:21

Душанбе, 21.07.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Семинар оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоягӣ  бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июл дар Душанбе гузаронида шуд.Тавре, ки ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ иттилоъ доданд, семинарро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуҷабборов ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақсади доир намудани он тақвият бахшидан ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, инчунин мубодилаи афкор байни шарикон мебошад. Сипас маърузаҳои Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва роҳбарони котиботҳои шуроҳои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилоятҳои ВМКБ, Хатлон, Суғд ва водии Рашт шунида шуда, самтҳои ҳамкорӣ ҷиҳати беҳтар намудан ва тақвият бахшидани робитаи байни котиботи шурои миллӣ ва шуроҳои минтақ авӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ баррасӣ гардиданд.Дар анҷом ҳозирин оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ тавсияҳои худро ҷиҳати беҳтар намудани робита ва тақвият бахшидани ҳамкории байни котиботи шурои миллӣ ва шуроҳои минтақавӣ пешниҳод намуданд. Зикр гардид, ки дар амал татбиқ намудани ин пешниҳодҳои иброзгардида метавонанд робита ва ҳамкории байни котиботи шурои миллӣ ва шуроҳои минтақавиро ба қадри назаррас тақвият бахшида, ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат мусоидат намоянд.

Июль 21, 2014 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст