Семинар оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ
Душанбе, 21.07.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Семинар оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июл дар Душанбе гузаронида шуд.Тавре, ки ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ иттилоъ доданд, семинарро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуҷабборов ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақсади доир намудани он тақвият бахшидан ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, инчунин мубодилаи афкор байни шарикон мебошад. Сипас маърузаҳои Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва роҳбарони котиботҳои шуроҳои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилоятҳои ВМКБ, Хатлон, Суғд ва водии Рашт шунида шуда, самтҳои ҳамкорӣ ҷиҳати беҳтар намудан ва тақвият бахшидани робитаи байни котиботи шурои миллӣ ва шуроҳои минтақ авӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ баррасӣ гардиданд.Дар анҷом ҳозирин оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ тавсияҳои худро ҷиҳати беҳтар намудани робита ва тақвият бахшидани ҳамкории байни котиботи шурои миллӣ ва шуроҳои минтақавӣ пешниҳод намуданд. Зикр гардид, ки дар амал татбиқ намудани ин пешниҳодҳои иброзгардида метавонанд робита ва ҳамкории байни котиботи шурои миллӣ ва шуроҳои минтақавиро ба қадри назаррас тақвият бахшида, ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат мусоидат намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






