Ш. Раҳимзода ба хабарнигорони чинӣ чӣ гуфт?
Душанбе, 11.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). Мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо ҳайати Оҷонсии иттилоотии Чин дирӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид.Зимни вохӯрӣ вазири рушди иқтисод ва савдо ба саволҳои хабарнигорони чинӣ, ки оид ба таъсис ва дурнамои ҳалқаи иқтисодии Роҳи бузурги абрешим, вазъи имрӯзаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, иқтидори мавҷуда ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ду кишвар пешниҳод гардид, посухҳои мушахас дод.Ш. Раҳимзода ҳамчунин фикру мулоҳизаҳои хешро перомуни фаъолияти корхонаҳои чинӣ ва муштарак дар пешбурди иқтисод ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, масъалаҳои асосие, ки дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт, татбиқи лоиҳаи муштарак дар самти сохтмони роҳҳо, хатти интиқоли барқ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ иброз дошт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






