Ш. Зуҳуров: “Ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод”

Июль 1, 2014 10:54

Душанбе, 01.07.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-“Танҳо ба шарофати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мо тавонистем ба рушду нумуъ ва дастовардҳои арзанда ноил гардем”, -гуфт 30 июн дар назди вакилон зимни гузориш оид ба натиҷаҳои иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии Парлумони мамлакат Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон. Мавсуф афзуд, ки айни замон аз ҷониби қувваҳои муайян, ҳам дар минтақа ва ҳам дар чандин кишварҳои ҷаҳон нооромиҳову бархӯрдҳои сиёсиву низомӣ роҳандозӣ гардидаанд. Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон таъкид кард, ки аз руйдодҳои охир маълум мегардад, дар ин даврони барои халқу кишвар сарнавиштсоз ҳанӯз ҳам қувваҳое вуҷуд доранд, ки мехоҳанд оромиву осудагии мардуми моро халалдор намоянд, кишварро дубора ба вартаи нооромиву даргириҳо тела диҳанд. Аз ин рӯ, мардуми Тоҷикистон, тамоми нерӯҳои солимфикри кишвар, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиро зарур аст, ки беш аз ҳарвақта ба хотири нигоҳ доштану таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, якпорчагии марзу буми Тоҷикистони ягонаву воҳид, бо бедории миллӣ ва ҳушёрии сиёсӣ самимона саъю талош намоянд. Дар ин самт вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон саҳми муносибу арзанда мегузоранд, -афзуд Ш. Зуҳуров.Раиси Маҷлиси намояндагон ин матлабро дар ҳоле гуфт, ки чор рӯз муқаддам-27 июни соли равон мардуми Тоҷикистон 17-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро, ки бо номи Рӯзи Ваҳдат маъмул аст, ботантана таҷлил намуданд. Мавриди зикр аст, ки бо ба имзо расидани ин санади барои миллати тоҷик сарнавиштсоз дар соли 1997, дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз сӯи қувваҳои хориҷӣ таҳмил гардида буд, хотима ёфт.

Июль 1, 2014 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!